Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар тазоҳуроти Теҳрон


Акс аз телевизиони Канали 4-и Бритониё, Теҳрон, 15 июни соли 2009
Акс аз телевизиони Канали 4-и Бритониё, Теҳрон, 15 июни соли 2009

Матбуоти расмии Эрон мегӯяд, дар даргириҳое дар Теҳрон зимни тазоҳуроти мухолифони натиҷаҳои интихобот 7 нафар кушта шудаанд.

Яке аз шоҳидон мегӯяд, бар асари ин тирандозӣ ба камияш як нафар кушта ва чандин тан захмӣ гаштаанд.

Ба нақл аз ин шоҳид, ки аккоси хабаргузории Ассошиейтед Пресс аст, ду манбаъи хабарии байнулмилалӣ гуфтаанд, афроде аз издиҳоми эътирозгарон ба макони зисти биное ҳамла кардаанд, ки ба ниманизомиёни мазҳабии Басеҷӣ мансуб будааст. Ва басеҷиҳо оташ кушодаанд.

Ба сабаби маҳдудияти шадид дар кори расонаҳои ахбори ом, гузоришҳои пешакӣ дар бораи теъдоди захмиён норӯшананд.

Тарафдорони номзадҳои нокоми ислоҳталабон дар интихоботи президентии 12-уми июн, Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ рӯзи душанбе дар Майдони Инқилоби шаҳри Теҳрон гирдиҳам омаданд.

Тазоҳурот баъд аз он сар шуд, ки рабҳари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ, ки дар сиёсат ва умури динии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳарфи охирро мезанад, аз талаби Мусавӣ ба таҳқиқи шумориши раъйҳо аз тарафи Шӯрои нигаҳбони Эрон ҳимоят кард.

Мусавӣ ва Каррубӣ пирӯзии президент Маҳмуди Аҳмадинажодро дар интихобот эътироф намекунанд ва мегӯянд, шумориши раъйҳо бо хилофкорӣ сурат гирифта, баёнгари натиҷаҳои воқеии иинтихобот нест.
XS
SM
MD
LG