Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоира Озод Аминзода дар синни 76-солагӣ даргузашт


Озод Аминзода-шоираи номовари тоҷик дар синни 76 солагӣ аз олам даргузашт. Шоира Озод 1-ӯми октябри соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи шоир Муҳиддин Аминзода ба дунё омада буд ва фаъолияти адабиаш аслан дар ҳамин шаҳр гузаштааст. Вай соли 1965 ба узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд ва аз соли 1971 то соли 1990 мудири шӯъбаи рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" буд. Сипас чанд сол раёсати Бунёди Фарҳанги вилоятро бар ӯҳда дошт. Китобҳои ашъори шоира ба забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудаанд.
XS
SM
MD
LG