Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осоишгоҳи 1,5 миллиарддолларӣ дар Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар маросиме ба меҳмонони хориҷӣ ва рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар соҳили Баҳри Хазар ба маблағи 1,5 миллиард доллар осоишгоҳе бунёд хоҳад кард. Вай дар ҳоле, ки дар шаҳри Туркманбошӣ дар даромадгоҳи як меҳмонсарои муҷаллали навсохт рӯи зинаҳо меистод, ба ҳозирин гуфт, ки бунёди осоишгоҳ ба кишвари дорои захоири ғании нафти вай имкон медиҳад, ки иқтисодаш таҷдид шавад. Вай ҳамчунин гуфт, ин тарҳ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ба ин кишвари биёбонии дорои 5 миллион нафар аҳолӣ ҷалб шавад.
XS
SM
MD
LG