Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижа алайҳи қочоқбарони инсон


Дар Қазоқистон дар натиҷаи як амалиёти вижа шумораи зиёди қурбониёни ҳодисаҳои қочоқи инсон аз чанги қочоқчиён раҳо карда шуданд.

Олим Боҷикбоев, сарвари шӯъбаи мубориза бо қочоқи инсони Кумитаи пулиси ҷиноии Вазорати дохилаи Қазоқистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо родиои Озодӣ гуфт, ки чунин амалиёт дар ҳар се моҳ боре гузаронида мешавад ва ҳадаф аз он ошкор кардани қурбониёни ин ҷиноят ва фоҳишахонаҳо ва онҳоест, ки ҷиҳати истифодаи нерӯи корӣ ба таври ғайриқонунӣ одамонро аз озодӣ маҳрум мекунанд.

Вай гуфт, дар ин амалиёт, ки аз 8 то 12 июн дар кишвар идома дошт, 6 ҳодисаи қочоқи инсон ва як ҳодисаи қочоқи ноболиғон, ду воқеаи ҷиҳати истисмор аз озодӣ маҳрум кардани одамон ва 28 ҳодисаи даллагӣ ва фоҳишахонаҳо ошкор карда шуданд. Беш аз 50 далла ва зиёда аз 390 занону духтарони бо танфурӯшӣ машғул буда? ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 97 нафарашон шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд.

Ба гуфтаи оқои Боҷикбоев, боздоштшудагон ағлабашон аз кишварҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон, Русия ва худи Қазоқистон ҳастанд. Вале дар амалиётҳои қаблӣ гоҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Алмаато боздошт гардида буданд.

Ин нуктаро Зулфия Байсакова, раиси иттиҳоди маркази бӯҳронҳои Қазоқистон, низ таъйид мекунад. Ӯ мегӯяд, ду сол қабл онҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Чуй, воқеъ дар ҷануби кишвар, марди тоҷикеро аз чанголи қочоқбарон озод карда буданд. Он мардро ҳангоми бозгашт аз Русия корманди пулис аз автобус фароварда дар хонаи хеш чун ғулом истифода бурдааст ва дар натиҷаи ҳамкории Маркази бӯҳронҳои Қазоқистон он мард аз дасти хоҷаи хеш озод мешавад.

Вале тавре хонум Байсакова мегӯяд, сарнавишти минбаъдаи он мард то ба ҳол барояшон номаълум боқӣ мондааст. Зеро онҳо борҳо ба Тоҷикистон нома навиштаанд, вале аз ӯ хабаре дигар ба онҳо нарасидааст.

Соли гузашта бошад, дар вилояти Актуба 20 шаҳрванди Ӯзбакистон аз ғуломӣ раҳо карда шуда буданд. Онҳоро хоҷагонашон дар сохтмон ва истгоҳҳои мошиншӯӣ истифода мекарданд ва бо онҳо бо шеваҳои ғайриинсонӣ муомила менамуданд. Ҳамаи қочоқбарон боздошт ва ба муддатҳои аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буданд.

Хонум Байсакова таъкид мекунад, «ҳарчанд қонунгузории кишвар дар мавриди қочоқи инсон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқат мекунад, вале дар кори амалӣ мушкилот зиёданд ва дар натиҷа чунин ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон ҳамеша сари вақт ошкор карда намешаванд. Зеро ҳарчанд фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии кишварҳои минтақа дар ин маврид хуб аст, вале ҳукуматҳои кишвар ба таври ҷиддӣ фаъолият намекунанд. Масъалаи мубориза алайҳи қочоқи инсон ин мушкили ҳамаи кишварҳост ва бояд дар ин маврид иродаи сиёсии ҳар кишвар зарур аст».

Аз сӯи дигар ҳамсӯҳбатони мо таъкид мекунанд, ки бештар худи муҳоҷирон низ аз адами риояти қонун ба дасти қочоқбарон меафтанд. Ба гуфтаи онҳо, муҳоҷир ҳангоми сафари хориҷа бояд ба андозае аз қонунҳои он кишвар огоҳ бошад, забони он кишварро донад ва ҳангоми корравӣ ба ҳар гуна ширкатҳои тақаллубӣ бовар накунад ва албатта, пеш аз сафар ба кишвари дигар нусхаи шиносномаи хешро ба пайвандонаш бигзорад то вақти рух додани ҳодисаҳои ғайримунтазира хешовандон ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат карда тавонанд.

Аз сӯи дигар, муҳоҷир ҳангоми вуруд ба кишвари дигар бояд ба сафорати кишвари хеш дар он ҷо хабар диҳад ва бикӯшад, ки ҳангоми имзои қарордоди кор бояд онро бо диққат бихонад ва на аз хидмати ҳуқуқшиноси ширкат, балки аз ҳуқуқшиноси мустақил мустақил истифода намояд. Риояи чунин шартҳо, мегӯянд ҳамсӯҳбатони мо, ба андозае имкон медиҳанд, ки муҳоҷир ба доми хатарбори қочоқбарони инсон наафтад.
XS
SM
MD
LG