Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуркунандагонро бо чӯбдаст пароканда карданд


Имрӯз пулиси Гурҷистон дар назди дафтари пулис дар Тифлис барои пароканда кардани даҳҳо нафар тазоҳуркунандагон аз чӯбдастҳо истифода бурд. Бино ба гузоришҳо, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазъ дар Гурҷистон ба хушунат гароидааст. Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар ду моҳ аст ба тазоҳуркунандагон ва ба бастани роҳҳо муқовемат нишон медиҳад. Тазоҳуркунандагон аз вай мехоҳанд, ки барои бад шудани вазъи демократия ва ҷанги соли гузашта бо Русия аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG