Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Аҳмадинажод ба Русия ба таъхир афтод


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон барои ширкат дар маросими гушоиши мулоқоти раҳбарони Шонгҳой ба Русия сафар нахоҳад кард. Аз қавли мақомоти номаълуми Эрон гуфта шудааст, Аҳмадинажод, ки бояд бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия имрӯз мулоқот мекард, пагоҳ, рӯзи сешанбе дар Екатеринбург ба ширкаткунандагони мулоқоти Шонгҳой хоҳад пайваст. Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Тоҷикистон узви ин созмон мебошанд. Афғонистону Покистон ва Ҳиндустону Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG