Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Теҳрон ҷонибдорони Мусавӣ раҳпаймоӣ карданд


Бо вуҷуди ин ки вазорати дохилаи Эрон баргузории ҳар гуна тазоҳуроту раҳпаймоӣ дар Теҳронро мамнуъ эълон кардааст, ҷонибдорони Мир Ҳусейн Мусавӣ-номзади ислоҳталабон даст ба раҳпаймоии эътирозӣ задаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳазорон нафар ҷонибдорони Мусавӣ дар Теҳрон ба сӯи майдони Инқилоб раҳпаймоӣ кардаанд. Дар он ҷо онҳоро Мусавӣ интизор буд, то ба онҳо паём бифиристад. Хабаргузории Ройтерз гуфтааст, дар он ҷо миёни ҷонибдорони Мусавӣ ва президент Аҳмадинежод бархӯрд сурат гирифтааст. Имрӯз вазорати дохилаи Эрон баргузории ҳар гуна тазоҳуроту раҳпаймоиро мамнуъ эълон карда буд. Мусавӣ тақозо кардааст, ки натиҷаҳои интихобот бекор карда шаванд, зеро дар интихобот қонуншиканиҳо ҷой доштааст.
XS
SM
MD
LG