Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷаллаи «Як рӯз бо Шумо»


Дар миёни мардуми тоҷик ривояте ҳаст, ки Худованд чун биҳишт офарид, дар миёни он тахти заррини муҷалло бунёд кард.

Ва фармуд соҳиби ин тахти мунаққашу зарҳалин хушдомане хоҳад буд, ки тамоми умр бо арӯси хонадон дар муросо ва субот зиндагӣ карда бошад. Аммо ривоят ҳамчунин мегӯяд, ки он тахт ҳанӯз ҳам холист ва соҳиби худро пайдо накардааст.

Албатта ин танҳо як ривоят аст, ҳақиқати он танҳо ба Худованд рӯшан аст, аммо боз ҳам ин ҷо манзур он аст, ки дар муносиботи хушдоману келин ҳамеша таззоду сардиҳо вуҷуд доштааст, ки баъзан боиси аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон мегардад.

Ва ҳадафи мо дар шумораи имрӯзи маҷаллаи «Як рӯз бо Шумо» маҳз ҳамин аст, ки дар сӯҳбат бо хушдоману келин то ҳадде равшанӣ андозем, ки иллатҳои чунин носозгории хушдоману келинҳо чӣ аст. Ва, алббатта, ин суханон на ба ҳама хушдоману келинҳо марбут аст, аммо боз ҳам ин носозгориҳо вуҷуд дорад.

Вале бояд гуфт, ибтидо, рӯзу моҳҳои аввали арусӣ хушдоман бо келини худ дар муносибати хеле наздику бо ҳусни тафоҳум зиндагӣ мекунанд, тавсифи хушдоман аз келин ва намоиши ҳунармандии келин дар назди хушдоман ва хонавода зиёд қобили эҳсос ва таҳсин ҳам ҳаст.

Аммо шунавандаи нуктафаҳм зиёд фалсафаронӣ намекунем ва меравем ба хонаводае, ки чанде пеш арӯс овардааст ва муносибати хушдоману келинро дар рӯзу моҳҳои аввали зиндагӣ мушоҳида мекунем.

Як рӯз бо Шумо (1)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00


Тавре шоҳид шудед, дар хонадони холаи Ситора, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки чанде пеш фарзандашро хонадор карда ва ба қавле арӯс фаровардааст, муносибати модарарӯс ва арӯс боиси таҳсин аст. Эҳтирому самимияти келину хушдоман, назаррас аст ва ҳатто холаи Ситора ишорат кард, ки омода аст фарзандонаш аз ӯ ҷудо ва мустақилона зиндагӣ кунанд, танҳо ба хотири хушбахтии оилаи ҷавон.

Ва акнун меравем ба шаҳри Душанбе, ба яке аз кӯчаҳои танги маркази пойтахт, манзили яке аз сокинони пойтахт, манзили холаи Мунира. Холаи Мунира дар манзили худ бо се келин зиндагӣ дорад.

Як рӯз бо Шумо (2)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00


Тавре шоҳид шудем, дар зиндагӣ ва муносибати хушдоман ва арӯс таззодҳои зиёде вуҷуд дорад ва иллати мухолифатҳо низ аксар вақт эҷоди тафаккури иштибоҳ дар атрофи шахсияти келину хушдоман аст.

Келин қабл аз арӯсӣ дар бораи хушдоман маълумотҳои нодуруст дарёфт мекунад, хушдоман ҳам бо овардани арӯс мехоҳад, келин хидматгори якумриаш бошад ва фарзандашро аз ӯ ҷудо накунад. Ва инчунин андешаронӣ боиси оғози ихтилофот дар оила мегардад.

Пас аз таҳияи ин нашри маҷалла гузарам ба хиёбони Исмоили Сомонӣ афтод ва боз ҳам медидам, ки дар назди муҷассамаи Сино чанд теъдод навхонадорон гулгузорӣ доранд, ба хотири хушбахтӣ дар ҳаёти навоғозашон. Ба худ андешидам, ки ин ҷавононро дар ҳаёт, ба хусус арӯсҳои ҷавонро дар хонаводаи нав чӣ интизор хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG