Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи аслиҳаи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта кормандони интизомии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Синои Душанбе як пулемёти "Калашников", 3 тирдони он, бештар аз 1000 дона тир ва 19 тирдони автомати "Калашников" пайдо кардаанд. Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории "Авесто" иттилоъ додааст. Ин аслиҳаву муҳимот дар махфигоҳе нигаҳдорӣ мешуд. Асадуллоев гуфтааст, ҳамон рӯз дар дараи Санги Фалахмони ноҳияи Варзоб 1 тирдони пулемёти "Калашников", 13 тирдони автомати "Калашников" ва 1 тирдони тапончаи "Макаров" низ пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG