Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди раиси собиқи "Тоҷикэйр" парванда боз шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон бар зидди Ҳокимшо Тиллоев-раиси собиқи ширкати давлатии "Тоҷикэйр" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора Абдусамӣ Додобоев-муовини додситони кулли Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба хабарҳо, сабаби боз кардани парванда ин будааст, ки ба додситонии кулл аз номи чанд шаҳрванди Тоҷикистон бар зидди Тиллоев роҷеъ ба "тахаллуфоти молӣ"-и вай номаи шикоятӣ расидааст. Тиллоев аз январи соли 2006 то ноябри соли 2008 раёсати "Тоҷикэйр"-ро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG