Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Екатеринбург муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Екатеринбург дар остонаи мулоқоти раҳбарони Созмони Ҳамкории Шанхай бо Эдуард Россел-волии вилояти Свердлов мулоқот ва масъалаи танзими муҳоҷирати кории тоҷикон ба ин вилоятро баррасӣ кард. Россел хотирнишон сохтааст, ки аз кори муҳоҷирони тоҷик дар вилояти худ розист. Соли гузашта дар авоили моҳи декабр муҳоҷирони кории тоҷик натавонистанд аз корфармоён дастмузди худро бигиранд ва дар Екатеринбург 12 рӯз даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд. Бино ба омори тақрибӣ, ҳоло дар вилояти Свердлов аз 60 то 100 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик фаъолият мекунанд ва нисбат ба минтақаҳои дигар зиёданд. Онҳо дар Русия нируи арзони корӣ ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG