Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусавӣ хостори лағви натиҷаҳои интихобот шуд


Нерӯҳои интизомии Эрон дар наздикии Донишгоҳи Теҳрон.

Нерӯҳои интизомии Эрон дар наздикии Донишгоҳи Теҳрон.

Номзади ислоҳотхоҳон дар интихоботи президентӣ, Мирҳусейни Мусавӣ, аз Шӯрои нигаҳбони Эрон лағви интихоботро хост.

Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки натиҷаҳои интихоботи президентии 12-уми июни Эрон мавриди шубҳаву баҳс қарор доранд ва эътирозҳо дар манотиқи мухталифи Эрон дар ин робита идома пайдо кардаанд.

Мусавӣ гуфт, расман ба Шӯрои нигаҳбони Эрон, ки нозир ва тасмимгирандаи интихобот аст, шикоят кардааст ва мехоҳад, интихобот беэътибор эълон шавад. "Ман аз миллати Эрон даъват мекунам, эътирозҳои саросариро ба таври осоишта ва дар чаҳорчӯби қонун идома диҳанд," -- гуфта мешавад дар изҳороти Мусавӣ.

Вай инчунин аз нерӯҳои интизомии Эрон хост, зӯроварӣ ба эътирозгаронро қатъ кунанд.

Ин нерӯҳо рӯзи якшанбе ҳам алайҳи тазоҳургарон дар Теҳрон, аз гази ашковар истифода бурданд. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, рӯзи якшанбе ҳудуди 200 тан аз тарафдорони Мирҳусайн Мӯсавӣ алайҳи нирӯҳои пулис сангандозӣ карданд ва нирӯҳои пулис дар ҷавоб аз гази ашковар истифода бурданд.



Нирӯҳои пулис ба мағозаҳои атроф низ ҳамла оварда, эътирозгаронеро, ки дар ин дӯконҳо паноҳ бурда буданд, берун кардаанд.

Дар ҳоле ки раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раъйгирии рӯзи 12 июнро “як муҳаббати илоҳӣ” ба қалам додаву Маҳмуди Аҳмадинажод аз оғози “як марҳалаи ҷадид” хабар медиҳад, дигарон таҳаввулоти ахирро ҳамчун “кудато”, яъне табаддулот, ва як рӯзи сиёҳе барои Эрон мехонанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе пирӯзиаш бар номзади ислоҳталабон Мирҳусайн Мӯсавиро тавассути телевизион эълон кард ва рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон бори дигар ба машрӯъияти пирӯзиаш дар интихобот таъкид кард ва гуфт, набояд раъйи беш аз 62 дарсадеро, ки ба тарафдории ӯ раъй додаанд, нодида гирифт.

Бино ба хабарҳо, Мӯҳсини Мирдомодӣ, яке аз ислоҳталабони шинохта, Муҳаммадризои Хотамӣ, бародари раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ, ва Мустафо Тоҷзода, муовини собиқи вазири кишвар, аз ҷумлаи онҳое будаанд, ки рӯзи шанбе боздошт шуданд.

ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, мегӯяд, ин афрод ба даст доштан дар таҳияи тазоҳурот ва раҳбарии “ошӯбгарон” дар Теҳрон муттаҳам мешаванд. Рӯзи шанбе ҳамин тавр, теъдоде аз хабарнигоронро низ дар Теҳрон дастгир кардаанд.

Муовини раҳбари пулиси Теҳрон Аҳмадризо Родон рӯзи якшанбе гуфт, ки дар пайи намоишҳои эътирозии рӯзи шанбе наздики 170 нафарро боздошт кардаанд. Ин мақоми пулиси Эрон афзудааст, ки 10 тан аз боздоштшудагонро аз ҷумлаи таҳиягарони ошӯбҳои рӯзи шанбе шинохта, ба ҳабс гирифтаанд, вале бақияро озод кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG