Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон мухолифон раҳпаймоиро бекор карданд


Ҷонибдорони Мир Ҳуссейн Мусавӣ-номзади мағлуби раёсати ҷумҳурии Эрон раҳпаймоиеро, ки онҳо шоми имрӯз дар Теҳрон ба нақша гирифта буданд, бекор карданд. Дар сомонаи оқои Мусавӣ омадааст, баъд аз ғайриқонунӣ эълон кардани ин раҳпаймоӣ аз тарафи вазорати дохила ва "таҳриккунанда" арзёбӣ шудани он ин раҳпаймоӣ то вақти дигар мавқуф гузошта мешавад. Оқои Мусавӣ даъват карда буд, ки натиҷаҳои интихобот бекор карда шаванд. Вай идаъо мекунад, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуби саросарӣ роҳ додаанд. Аммо Аҳмадинежод мегӯяд, ки пирӯзии вай одилона ва воқеист.
XS
SM
MD
LG