Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2009: «Энергетик» ва ССКА – дар нимфинал


Дастаҳои футболи «Энергетик»-и Душанбе ва ССКА «Помир»-и Душанбе ба даври ниманиҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2009 роҳ ёфтанд.

«Энергетик» дар бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Зафар Зубайдов дар дақиқаи 26-ум ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Фарид Аскаров дар дақиқаи 62-юм ба самар расонд.

ССКА «Помир»-и Душанбе низ дар бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ бар дастаи меҳмон - «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Се голи мизбононро Искандар Гадоев (35-ум), Чарлз Накути (69-ум), Парвиз Турсунов (77-ум) ва як голи меҳмононро Синои Саидаҳрор (83-юм) заданд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои аввали чаҳорякниҳоӣ «Хуҷанд» ва «Хайр» дар майдони худ бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда буданд.

Бад-ин тартиб «Энергетик» ва ССКА «Помир» дар даври ниманиҳоӣ, ки моҳи август баргузор мешавад, бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Инчунин 13-уми июн «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон - «Вахш» бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Юсуф Рабиев (дақиқаи 27-ум), Самад Шоҳзуҳуров (56-ум) ва Дилшод Восиев (72-юм) ба самар расонданд.
Вохӯрии "Вахш" ва "Истиқлол"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00


Бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Вахш» фардо, 16-уми июн, соати 17, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» - «Вахш» дар даври ниманиҳоӣ бо дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG