Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон раҳпаймоии эътирозиро мамнуъ кард


Мақомоти Эрон раҳпаймоии ҷонибдорони Мир Ҳуссейн Мусавӣ-номзади мақоми раёсати ҷумҳуриро мамнуъ эълон кардаанд. Вазорати дохилаи Эрон гуфтааст, ин раҳпаймоӣ, ки барои шоми имрӯз дар Теҳрон барномарезӣ шудааст, тавассути "унсурҳои таҳриккунанда" ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯзи шанбе ба ин сӯ аз замоне, ки натиҷаҳои интихобот дар бораи пирӯзии президент Маҳмуди Аҳмадинежод бар Мир Ҳуссейни Мусавӣ эълон шуд, дар шаҳрҳои Эрон тазоҳуроту раҳпаймоиҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG