Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Покистон аз имкони густариши Толибон


Шоҳ Маҳмуд Қурешӣ-вазири умури хориҷаи Покистон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар ба кӯмакҳои бештари байналмиллалӣ ниёз дорад, то бар зидди шӯришиёни Толибон мубориза кунад, вагарна шӯришиён дар Ҳиндустону кишварҳои Халиҷи Форс паҳн мешаванд. Оқои Қурешӣ ин матлабро дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Файненшал Таймс" изҳор доштааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз баъд мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Покистон баргузор мешавад ва дар он масъалаи кӯмак ба Исломобод дар сархати дастури рӯзи ин мулоқот қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG