Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи Амрико дар Манас ба бастан омодагӣ мегирад


Сарҳанг Кристофер Бенс-фармондеҳи нави нируҳои Амрико дар пойгоҳи низомии Манаси Қирғизистон мегӯяд, тибқи дархости мақомоти раҳбарии Қирғизистон ин пойгоҳ фаъолияти худро дар нимаи моҳи август қатъ мекунад. Сарҳанг Бенс ба хабарнигорон гуфт, корҳои омодагӣ ба бастани ин пойгоҳ аз ҳоло шурӯъ шудааст. Солҳост Амрико ин пойгоҳро барои ҳимоят аз амалиёти зидди террор дар Афғонистон истифода мекунад. Моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти Қирғизистон ба ҷониби Амрико 6 моҳ мӯҳлат доданд, ки пойгоҳро бибандад. Аммо ҷониби Амрико то ҳол умедвор аст, ки Қирғизистон тасмими худро тағир медиҳад.
XS
SM
MD
LG