Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди додгоҳи Ҳейг муҷозот мешавад


Як корманди пешини Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югославияи собиқ мавриди бозрасии ҳамин додгоҳ қарор мегирад. Флоренс Ҳартман дар фош кардани иттилоъи махфӣ дар робита ба раҳбари пешини Югославия Слободан Милошевич айбдор мешавад. Ҳартман нахустин корманди Додгоҳи замони Карла Де Понте мебошад, ки алайҳи ӯ иттиҳом эълон шудааст. Дар сурати таъйид шудани иттиҳом, хабарнигори фаронсавӣ Флоренс Ҳартман ба ҳафт соли маҳбас ваё пардохти ҷарима ба маблағи 100 ҳазор евро маҳкум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG