Пайвандҳои дастрасӣ

Шартҳои Нетаняҳу барои бунёди давлати Фаластин


Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил изҳор намуд, ӯ ба шарте ба бунёди давлати Фаластин розӣ хоҳад шуд, ки агар ин давлат комилан ғайринизомӣ бошад. Ӯ дар як суханронӣ ҳамчунин эълом дошт, ки кишварҳои арабӣ бояд Исроилро ба расмият бипазиранд. Сарвазири Исроил гуфт, кишвараш ба ӯҳдадориҳояш дар робита ба созишномаҳои байналмилалӣ содиқ аст ва умед дорад, ки дигар ҷонибҳои зидахл низ тааҳудотаашонро иҷро мекунанд. Нетаняҳу таъкид бар он кард, ки мушкили муҳоҷирони фаластинӣ бояд берун аз қаламрави Исроил ҳалли худро пайдо кунад ва дар хоки Исроил набояд шаҳракҳои фаластинӣ боқӣ монанд. Дар навбати худ ӯ ваъда дод, ки исроилиҳо дар заминҳои ғасбшуда шаҳракҳои яҳудинишин бунёд нахоҳанд кард.
Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гибс гуфт, ки раисиҷумҳур Обама аз суханронии Нетаняҳу истиқбол намуда, онро гоми муҳим ба пеш хондааст.
Ва аммо раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар баёнияи расмӣ суханронии Нетаняҳуро чун аз байн бурдани талошҳои истиқрори сулҳ арзёбӣ кард. Ҷунбиши ҲАМОС бошад, изҳороти сарвазири Исроилро “намунаи идеологияи нажодпарастӣ ва ифротгароёна” хонд.
XS
SM
MD
LG