Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск таъсиси нерӯҳои зудамалро "ғайриқонунӣ" хонд


Мақомоти Белорус аз таъсиси нерӯҳои зудамали Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бидуни ризояти яке аз кишварҳои узви ин созмон шадидан интиқод кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи кишвар ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки тибқи Ойинномаи Созмон ҳама тасмимҳо дар сурати ширкати ҳайатҳои ҳама кишварҳои узв гирифта мешавад ва аз ин рӯ Белорус ба Котиботи СПАД нотаи эътирозӣ ирсол карда, тасмими ахирро ғайриқонунӣ хондааст.
Дирӯз дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав мавзӯъи таъсиси нерӯҳои зудамал баррасӣ шуд. Сарони кишварҳои узв, ба ҷуз Узбакистон, зери санади таъсиси ин нерӯҳо имзо гузоштанд.
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко эълом дошт, ки ба нишони эътироз алайҳи тасмими Русия барои манъи воридоти 1200 навъи маҳсулоти ширӣ аз Беларус, дар нишасти СПАД дар Маскав ширкат нахоҳад кард. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия эълом дошт, ки Минск метавонад зери санади таъсиси нерӯҳои зудамал баъдан имзо гузорад.
XS
SM
MD
LG