Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати аввалин мубталои зукоми хук дар Аврупо


Як сокини Бритониё бар асари маризии зукоми хук аз олам даргузашт – ин нахустин ҳодисаи ҳалокати гирифтори ин беморӣ дар Аврупо маҳсуб мешавад. Ба иттилоъи табибон, сокини Шотландия, ки аз ин маризӣ ба ҳалокат расидааст, ба дигар бемориҳо низ мубтало буд. Ҳафтаи гузашта Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълон карда буд, ки зукоми хук ба пандемия табдил шудааст ва аз мақомоти кишварҳои олам даъват кард то ба муборизаи тулонӣ бо вируси ин беморӣ омода бошанд. Маризии зукоми хук бори аввал ду моҳ қабл дар Мексика зуҳур кард.
XS
SM
MD
LG