Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал МакКристал ба ифои вазифа шурӯъ мекунад


Генерал Стэнли МакКристал имрӯз ба ифои вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон шурӯъ мекунад. Низомии воломақоми амрикоиро дирӯз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба ҳузур пазируфт. Сарвари Афғонистон таъкид намуд, ки яке аз вазифаҳои аслии нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар – таъмини амнияти мардуми осоишта аст.
Генерал Стэнли МакКристал дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Дэвид МакКирнанро иваз кард, ки камтар аз як сол ин вазифаро бар дӯш дошт. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс як моҳ пеш эълом дошт, ки хостори истеъфои МакКирнан шудааст ва афзуд, ки барои бурдани ҷанг алайҳи Толибон “нерӯи тоза” зарур аст.
Генерал МакКристал, собиқ фармондеҳи нерӯҳои амалиётҳои вижаи ИМА, акнун фармондеҳии тақрибан 45 ҳазор нерӯи амрикоӣ ва наздик ба 32 ҳазор афсару сарбоз аз дигар кишварҳои узви паймони НАТО-ро бар ӯҳда хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG