Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ хостори идомаи эътирозҳои осоишта шуд


Мир Ҳусейни Мусавӣ, номзади собиқ ба мақоми раисиҷумҳури Эрон, аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки намоишҳои эътирозии осоиштаро идома диҳанд. Аз ин пеш ӯ ба Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ аз тақаллуб зимни баршумурдани раъйҳо шиква карда, эълом дошт, ки лағви натоиҷи интихобот – ягона роҳи ҳифзи эътимоди ҷомеъа аст. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн президенти феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод бо дарёфти беш аз 60 дар сади овозҳо пирӯз шудааст. Ва аммо ҷонибдорони Мусавӣ ба арқом комиссиюни интихоботӣ шак оварда, ба нишони эътироз ба хиёбонҳо рехтанд. Рӯзи гузашта мақомоти интизомии Эрон 170 тан аз эътирозгарон ва фаъолони мухолифинро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG