Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ва Беларус созишномаи таъсиси Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СПАД-ро имзо накарданд.

Дар дидори нишасти сарони кишварҳои узв дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) якшанбеи 14-уми июн дар Маскав танҳо президентҳои Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон созишномаи ин паймонро ба имзо расонанд.

Тибқи ин пешнавис қарор буд, нерӯи наве иборат аз 12 500 сарбоз таъсис ёбад, ки дар давраи осоишта дар ҳудуди мамолики худ боқӣ
Узбакистон на танҳо ба Қирғизистон эътимод надорад, балки ба шарикони дигари паймони дастаҷамъӣ, монанди Русия ва Тоҷикистон низ эътимод надорад...
монда, дар ҳолати зарурӣ, ҳангоми таҳдид ба амният ва суботи кишварҳои узв ба ин мамлакат ворид карда шавад.

Узбакистон ва Беларус қарор буд якбаталйонӣ ва ҳайати ин нерӯҳо ворид кунанд ва ба шартҳои истифодаи он ризоият диҳанд.

Президенти Беларус, Аляксандр Лукашенко аз ширкат дар ин нишаст сарпечӣ кард. Гуфта мешавад, "ҷанги ширӣ"-и ин кишвар ва Русия сабаби ба Маскав наомадани Лукашенко шудааст. Минск мегӯяд, таҳрими Русия аз маҳсулоти ширии Беларус масъалаест, ки ба амнияти он таҳдид мекунад.

Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов бархе аз амрҳои созишномаро зери шубҳа гузошт ва онро имзо накард.

Мизбони нишаст, президенти Русия, Дмитрий Медведев гуфт, ин ба ҳеҷ ваҷҳ як ҳолати фоҷиавӣ нест, чунин нерӯҳо дар як ё ду рӯз сохта намешаванд. Аммо вай аз Лукашенко интиқод кард, ки дар бораи наомадани худ ба Маскав ӯро пешакӣ огоҳ накардааст.

Дар арафаи ин нишаст талошҳои дипломатӣ, баёнияҳои гуногун ва таҳлилу баррасиҳо ба авҷи худ расида, Узбакистон дар яке аз минтақаҳои марзаш бо Қирғизистон девори баланде бардошт ва дар минтақаи дигари ин марз хандақи бузурге канд.

Ин хандақ сабаб гашт, ки чанд минтақаи марзии Қирғизистон аз об маҳрум шуданд.

Якшанбеи 7-уми июн як шаҳрванди Қирғизистон аз тири марзбони Узбакистон ба ҳалокат расид. Тошканд мегӯяд, ӯ кӯшиш кард, ғайриқонунӣ марзро убур кунад, вале қирғизҳо мегӯянд, ин ҷавони 22-сола дар қаламрави Қирғизистон кушта шудааст.

Коршиносон ин падидаҳоро ба омодагии Тошканд ба радди санади таъсиси нерӯҳои муштараки зудамал пайванд медоданд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, Каримов барои ширкати кишвараш дар таъсиси нерӯҳои муштарак чаҳор шарт гузоштааст. Якум, тасмими корбасти ин нерӯҳо зимни ризоияти умумӣ гирифта шавад, на бо аксарияти одии раъйҳо. Дувум, нерӯҳои кишваре, ки қонунгузорияш инро манъ мекунад, ба кишвари дигар интиқол дода нашаванд. Савум, ширкати ин нерӯҳо дар ҳалли низоъ миёни аъзои созмон мамнӯъ бошад. Ва чаҳорум, созишнома бояд танҳо пас аз тасвиб дар кишварҳои муассис ҳукми қонунро пайдо кунад.

Дабири кулли Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар сафараш ба Тошканд, 21 ва 22-юми май талош кард, Тошкандро ба пазириши созишнома мойил кунад. Аммо президенти Узбакистон Ислом Каримов ӯро ба ҳузур напазируфт.

Коршиноси хабаргузории "РИА-Новости", Санавбар Шерматова мегӯяд, ҳайратовар аст, ки ин кишварҳо мехоҳанд, аз як сӯ нерӯҳои муштарак ташкил кунанд, аз сӯи дигар дар марзҳои худ хандақ кобанду девор бардоранд

Вай афзуд: "Худи ин ки Узбакистон шартҳои махсуси таъсиси ин нерӯҳоро ба миён мегузорад, баёнгари он аст, ки Узбакистон на танҳо ба Қирғизистон эътимод надорад, балки ба шарикони дигари паймони дастаҷамъӣ, монанди Русия ва Тоҷикистон низ эътимод надорад."

Шартҳои Тошканд, зоҳиран Маскавро нигарон карда буд. 11-уми июн, ду рӯз пеш аз нишасти сарони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ президенти Русия намояндаи вижаи худ, Фарид Мухаметшинро ба Тошканд фиристод, ки дар гуфтушунид бо президенти Узбакистон, Ислом Каримов, на танҳо равобиту ҳамкориҳои дуҷониба, балки масъалаҳои истифодаи захираҳои оби минтақаро низ баррасӣ кард. Мухаметшин, ду давраи комил сафири Русия дар Узбакистон буд ва бо Ислом Каримов равобити ҳасана дорад.

Дар ҳоле ки нашрияҳои Русия захираҳои об, тарҳҳои иншооти энержӣ ва таъину танзими марзҳоро аз омилҳои эҳтимолии низоъ дар Осиёи Марказӣ мешуморанд, Санавбар Шерматова мегӯяд, дарвоқеъ масъалаи об ахиран сиёсӣ шудааст ва аз ин тариқ ба масъалаҳои амниятӣ ва геополитикӣ низ таъсир мерасонад.

Вай мегӯяд: "Замоне ки Узбакистон донист, наметавонад Русияро сад дарсад ба тарафи худ кашад, зеро пас аз баёнияи машҳури Медведев дар Тошканд баёнияҳои дигаре низ буд ва Русия барои бунёди нерӯгоҳи Қамбарота пул дод ва зоҳиран масъалаи Роғун низ замоне ҳалшаванда хоҳад буд, ки Русия дар масъалаи об аз рӯи нақшаи Тоҷикистон ва Қирғизистон кор хоҳад кард, донист, ки Узбакистон бо бохт рӯбарӯст."

Узбакистон дар нишасти Маскав аз сарпечӣ ва эътирози шадиди Беларус, ки аз наздиктарин ҳампаймонҳои Русия буд, истифода кард ва дар пасманзари амалкарди Минск худдории Узбакистон аз имзои асноди таъсиси нерӯҳои муштараки СПАД ба сарони Русия ҳамсони саркашии Беларус асар накардааст.

Президенти Русия, Дмитрий Медведев ба думболи интиқоди шадид аз Лукашенко, изҳор дошт, ки вай намебоист, мушкилоти иқтисодии худро ба сари ҳамаи кишварҳои коршарик бор карда, аз коре ҷилавгирӣ кунад, ки ҳаёт ва амнияти кишварҳои дигар ба он бастагӣ дорад.

Бо сабаби ширкат надоштани ҳайати Беларус дар нишасти Маскав раёсати СПАД, ки мебоист аз Арманистон ба Беларус интиқол меёфт, бар дӯши Русия гузошта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG