Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони СПАД дар Маскав шурӯъ шуд


Имрӯз дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ оғоз ёфт. Таъсиси нирӯҳои муштараки зудамал як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ин нишаст аст. Аммо раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба нишони эътироз ба тасмими Русия, ки воридоти 1200 навъи маҳсулоти ширӣ аз Беларусро манъ кардааст, эълон кард, ки дар нишасти имрӯзаи Маскав ширкат намекунад. Вазорати хориҷаи Беларус тасмими Русияро “табъизи ошкор”-е номид, ки ба амнияти иқтисодияш зарба мезанад. Минск гуфт, дар чунин вазъ маҷбур шуд, ширкаташ дар нишасти Маскавро лағв кунад.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров аз ин иқдоми Беларус интиқод кард ва гуфт, ба масоили амнияти низомиву сиёсӣ бастагӣ додани мушкилоти иқтисодӣ дуруст нест.
XS
SM
MD
LG