Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои ҷадид дар Теҳрон


Нирӯҳои пулиси Эрон рӯзи якшанбе низ алайҳи тазоҳургарон дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳрон, аз гази ашковар истифода бурдаанд. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Теҳрон рӯзи шанбе ба дунболи эълони пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн оғоз ёфт ва имрӯз идома кард. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, ҳудуди 200 тан аз тарафдорони номзади мағлубшуда Мирҳусайн Мӯсавӣ алайҳи нирӯҳои пулис сангандозӣ карданд ва нирӯҳои пулис дар ҷавоб аз гази ашковар истифода бурданд. Нирӯҳои пулис ба мағозаҳои атроф ҳамла оварда, эътирозгаронеро, ки дар ин дӯконҳо паноҳ бурда буданд, берун кардаанд.
Муовини раҳбари пулиси Теҳрон Аҳмадризо Родон гуфтааст, ки дар пайи намоишҳои эътирозии рӯзи шанбе маҷмӯъан ҳудуди 170 нафар боздошт шуданд. Ӯ афзуд, 10 тан аз ин афрод аз ҷумлаи таҳиягарони ошӯбҳои рӯзи шанбе шинохта шуда, ба ҳабс гирифта шуданд, вале бақияро аз боздошт раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG