Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушбинии матбуоти Сурия аз боздиди Митчелл


Матбуоти расмии Сурия ба дунболи боздиди фиристодаи хоси Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл аз Димишқ, нисбат ба талошҳои Вошингтон ҷиҳати расидан ба сулҳи Ховари Миёна изҳори хушбинӣ кардааст. Нашрияи давлатии “Аз-Завра” навишт, ин хушбинии воқеъист, чунки ҳарду ҷониб аҳамияти равобити дуҷониба дар амри расидан ба сулҳи ҷаҳониро дарк мекунанд.
Ҷорҷ Митчелл рӯзи шанбе бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар ҳоле мулоқот кард, ки маъмурияти нави Амрико мехоҳад дар чаҳорчӯби талошҳояш барои эҳёи дубораи раванди сулҳи Ховари Миёна муносиботаш бо Димишқро беҳтар кунад.Митчелл нақши Димишқ дар ин талошҳои Вошингтонро муҳим хонд.
XS
SM
MD
LG