Пайвандҳои дастрасӣ

Масъалаи аслии нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав таъсиси нирӯҳои дастаҷамъии зудамали ин созмони низомӣ буд.

Сегрей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, гуфт, ширкат накардани ҷониби Белорус дар ин нишаст наметавонад аз нигоҳи ҳуқуқи монеъ аз иттихози қарор дар мавриди таъсиси нирӯҳои вокуниши сареъ шавад.

ШИКОЯТИ ҲАМКОРИ АСЛИИ МАСКАВ

Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба нишони эътироз аз тасмими Русия дар бораи манъи воридоти маҳсулоти ширӣ аз Белорус дар нишасти СПАД дар Маскав ширкат намекунад.
Ҷумҳурии Белорус аз ширкат иҷлоси СПАД дар Маскав сарфи назар кард. Дар баёнияи Минск омадааст, ширкат дар ҷаласаи созмони амнияти низомӣ, дар ҳоле, ки яке аз кишварҳои узви ин паймон амнияти иқтисодии узви дигареро дар хатар меандозад, маъние надорад.

Чунин мавзеъигрии Белорус ба манъи воридоти шир ва фаровардаҳои ширии ин кишвар ба Русия бармегардад, ки чанд вақт ба ин ҷониб Русия аз вуруди ин навъи маҳсулоти Белорус ҷилавгирӣ мекунад. Ҷониби Белорус ҳатто таҳдид кардааст, ки назорат ба марзҳои гумрукиро низ бо Русия шиддат хоҳад бахшид.

Аммо гуфтанист, Белорус ба мавзуи аслии нишасти худи СПАД он ҳам таъсиси нирӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ эътироз ва мухолфиате нишон надодааст. Баръакси ду кишвари дигари узви ин созмон - Узбакистон ва Арманистон, ки ба шароити таъсиси ин нирӯҳо яке мухолифат карда ва дигаре мулоҳизоте дар марвиди наҳваи истифодаи ин нирӯҳо баён кардаст.

ШАРТҲОИ ТОШКАНД

Яке аз шартҳои Узбакистон барои дастгирии таъсиси нерӯҳои муштараки зудамал ин аст, ки ин нерӯҳо дар ҳалли низоъҳои дохили кишварҳои узв истифода нашаванд
Узбакистон дар ҷаласаи гузаштаи коршиносони СПАД дар сатҳи вазирони умури хориҷа, ки ба манзури таҳияи асноди таъсиси нирӯҳои даста ҷамъии вокуниши ҷамъомад, ширкат накард. Тошканд, бино ба маълумоти сарчашмаҳо, ду иддаои аслӣ дорад, яке ин ки нирӯҳои мазкур дар сурати таъсис шудан бояд бо иттифоқи орои кишварҳои узв марвиди истифода қарор бигиранд, на бо аксарияти оро.

Ва дигар ҳам ин, ки Тошканд пофишорӣ мекунад, нирӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ дар ҳалли низоъҳое, ки миёни кишварҳои узви СПАД сар мезанад, набояд истифода шаванд. Ва Узбакистон мегӯяд, эъзоми ин нирӯҳои ба кишварҳои узв, агар қонунгузории он кишвар иҷоза надиҳад, набояд сурат бигирад.

Шароите, ки аъзои дигар ба он мувофиқ нестанд, балки мегӯянд таҳлилгарон, бархе кишварҳо, назири Тоҷикистон ва Қирғизистон, маҳз ба ҳамин шароит мувофиқанд, ки нирӯҳои мазкур зудтар тасъис шаванд. Арманистон низ бо таваҷҷӯҳ ба эҳтимоли имкони истифодаи ин нирӯҳо дар қазияи Қаробоғи кӯҳӣ ба навъе бо таъсиси он то кунун мухолифат карда.

Ба ҳар сурат ахиран ба манзури ҷалби орои Узбакистон ройзаниҳое сурат гирифта буд. Николай Бардюжа, дабири кули ин созмо,н ахиран аз чанд кишвари Осиёи Марказӣ дидан кард ва сафири собиқи Русия дар Тошканд низ ба манзури баррасии ин масъала ба Узбакистон рафта буд, ки натиҷаи музокироташ эълон нашуд.

АДАМИ ЭЪТИМОДИ ТАРАФАЙН

Вале сарфи назар аз ҳосил шудан ё нашудани тавофуқ дар мавриди таъсиси нирӯҳои вокуниши сареъ, канорагирии Белорус ба баҳонаи иқтисодӣ, афзоиши таниш дар марзҳои миёни Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ва иқдомоти якҷонибаи Тошкандро дар минакории дубораи марзҳо ва сохтани девори нобоварӣ, таҳлилгарон аз навъе адами эътимод, ҷой надоштани арзишҳои муштарак барои кишварҳои узв арзёбӣ мекунанд.

Дар ин миён бархе расонаҳо ба ихтилоф миёни Русия ва Белорус бар сари ду вилояти ҷудои талаби Осетия ва Абхазияи Гурҷистон, ки Русия истиқлоли онҳоро эътироф кардааст, низ ишора мекунанд, ки Минск ба рағми Маскав то ҳол аз эътирофи истиқлоли ин ду воҳид худдорӣ кардааст.

Аммо нирӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД дар сурати рӯи кор омадан, аз бист ҳазор сарбоз иборат хоҳанд буд. Русия дар ҳайати ин воҳид бештарин нирӯ як дивизияи ҳавоӣ ва як бригадаи ҳамалотии чатрбозонро хоҳанд дошт, Қазоқистон низ баъди Русия дар ин ҳайат як бригадаи чатрбоз ва соир кишварҳои узв танҳо як даста ё як баталион сарбози чатрбоз хоҳанд дошт.

Ин нирӯҳо дар мақари доимиашон дар кишвари худ хоҳанд буд ва дар сурати зарурат таҳти як фармондеҳӣ дар хоҳанд омад ва ба нуқтаи марвиди назар эъзом ва вориди амал хоҳанд шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG