Пайвандҳои дастрасӣ

Театри лӯхтаки Душанбе ба Кемерово сафар мекунад


Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон бо намоишномаи “Андешаҳо дар бораи ҷанг ва сулҳ” дар моҳи сентябр ба вилояти Кемеровои Русия сафари ҳунарӣ хоҳад кард. Ин сафари ҳунарӣ посух ба сафари театри лӯхтаки ба номи Аркадий Гайдари вилояти Кемерово ба Душанбест, ки моҳи апрел доир шуд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" менависад, театри лӯхтаки Душанбе дар намоишномаи “Андешаҳо дар бораи ҷанг ва сулҳ” аз қолабҳои суннатӣ берун рафта, талош кардааст, воқеъиятҳои сангин ва орзуи атфол ба ояндаи дурахшон ва тантанаи адолатро ба намоиш дароварад.
XS
SM
MD
LG