Пайвандҳои дастрасӣ

12 президент ба Екатеринбург мераванд


Рӯзи душанбе, 15 июн, дар шаҳри Екатеринбурги Русия нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз ба кор мекунад. Интизор меравад, дар ин нишаст раҳбарони 12 кишвар ширкат биварзанд. Созмони Шанхай феълан 6 кишвар – Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар бар мегирад. Эрону Ҳинд ва Покистону Муғулистон дар ин паймон ҳамчун нозир ширкат мекунанд. Ба ғайр аз ин, ба нишасти Екатеринбург раҳбарони Афғонистону Туркманистон низ даъват шудаанд.
Ин ҳамоиш то 16 июн идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG