Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркашии Лукашенко ва ояндаи СПАД


Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба нишони эътироз ба тасмими Русия, ки воридоти 1200 навъи маҳсулоти ширӣ аз Беларусро манъ кардааст, дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав ширкат намекунад.

Вазорати хориҷаи Беларус тасмими Русияро “табъизи ошкор”-е номид, ки ба амнияти иқтисодии ин кишвар зарба мезанад. Минск ҳамчунин гуфт, дар чунин шароит маҷбур шудааст, ширкаташ дар нишасти Маскавро лағв кунад.

Аз эътирофи истиқлолияти вилоёти ҷудоиталаб ва рӯ ба Маскави Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистон саркашӣ кардани Беларус боиси хашми Русия ва ба таниш печидани равобити Маскаву Минск шудааст.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ин иқдоми Беларусро ба боди интиқод кашид ва гуфт, ба масоили амнияти низомиву сиёсӣ бастагӣ додани мушкилоти иқтисодӣ дуруст нест.

Ба ин тартиб, нишасти имрӯзаи вузарои хориҷа ва ба дунболи он нишасти сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав бидуни намояндагони Беларус баргузор мешавад.Таъсиси нирӯҳои муштараки зудамали ин паймон, барномаи иқдомоти муштарак ба манзури мусоидат ба истиқрори субот дар Афғонистон ва муқобила ба чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз он кишвари ҷангзада бармеоянд, аз ҷумлаи масоили аслии матрӯҳа дар нишастҳои Маскав будааст.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) 7 кишвари шӯравии собиқ - Русияву Беларус, Арманистону Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG