Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лукашенко аз рафтан ба нишасти Маскав даст кашид


Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба нишони эътироз ба тасмими Русия, ки воридоти 1200 навъи маҳсулоти ширӣ аз Беларусро манъ кардааст, дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав ширкат намекунад. Вазорати хориҷаи Беларус тасмими Русияро “табъизи ошкор”-е номид, ки ба амнияти иқтисодии ин кишвар зарба мезанад. Минск ҳамчунин гуфт, дар чунин шароит маҷбур шудааст, ширкаташ дар нишасти Маскавро лағв кунад.
Аз эътирофи истиқлолияти вилоёти ҷудоиталаб ва рӯ ба Маскави Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистон саркашӣ кардани Беларус боиси хашми Русия ва ба таниш печидани равобити Маскаву Минск шудааст.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ин иқдоми Беларусро ба боди интиқод кашид ва гуфт, ба масоили амнияти низомиву сиёсӣ бастагӣ додани мушкилоти иқтисодӣ дуруст нест.
XS
SM
MD
LG