Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҷангиён дар Лодда


Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи мушакие, ки ғолибан нирӯҳои Амрико анҷом додаанд, дасти кам 3 нафар дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистони ин кишвар кушта шуданд. Ба гуфтаи ин мақомот, мушак як ё чанд мошинро дар минтақаи Лоддаи устони Вазиристони ҷанубӣ асобат кардааст. Ин минтақа пойгоҳи умдаи раҳбари Толибони Покистон Байтуллоҳ Мақсуд маҳсуб мешавад.
Амрико одатан чунин ҳамалоти мушакӣ ва ё бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни саршининро алайҳи раҳбарони ҷангиён ба кор мебарад.
Қаблан хабар омада буд, ки ҷангандаҳои артиши Покистон як пойгоҳи Байтуллоҳ Мақсудро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Покистон мегӯянд, артиши ин кишвар бо истифода аз ҷангандаҳову чархболҳо ва оташи тӯпхонаҳо машғули аз байн бурдани паноҳгоҳҳои Толибон дар минтақаи қабиланишини Боҷавур мебошад.
XS
SM
MD
LG