Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои расида пиромуни боздоштҳо дар Теҳрон


Хабарҳои расида аз Эрон ҳокии силсилаи боздоштҳо ба дунболи тазоҳуроти эътирозиест, ки дар пайи эълони пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳронро фаро гирифт. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, дасти кам 10 раҳбари ду гурӯҳи ислоҳталабон, ки аз номзади мағлуб Мирҳусайн Мӯсавӣ пуштибонӣ мекарданд, боздошт шудаанд.
Хабаргузории расмии Эрон ИРНО навишт, ки ду нафари онҳо ба даст доштан дар таҳияи тазоҳуроти эътирозии рӯзи шанбе муттаҳам мешаванд.
Бино бар натоиҷи расмӣ, интихоботро Аҳмадинажод ба осонӣ бурдааст, вале мухолифини раисиҷумҳури тундрав давлатро дар тахаллуфи натоиҷи раъйгирӣ айбдор мекунанд.
Хабаргузории Ройтерс низ дар бораи як силсила боздоштҳо, аз ҷумла боздошти аъзои Ҷабҳаи мушорикат, як гурӯҳи умдаи ислоҳталабони эронӣ, хабар медиҳад.
Аммо сухангӯи қувваи қазоияи Эрон хабари боздоштҳоро радд карда, гуфтааст, ки ин афрод танҳо мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, ҳушдор дода шудаанд, ки танишҳоро афзоиш надиҳанд. Ба гуфтаи ин сухангӯ, он афрод баъдан раҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG