Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон дар Эрон


Дар пайи тазоҳуроти густардаи мухолифини Аҳмадинажод дар Эрон шумори зиёде аз фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон боздошт шудаанд.

Тибқи хабарҳои расида аз Эрон, аз ҷумла яке аз ҳомиёни номзадҳои ислоҳталаб дар интихоботи президентӣ Муҳсин Мирдомодӣ ҳамроҳи ҳамсараш ва Абдуллоҳ Рамазонзода - сухангӯи собиқ раисиҷумҳур Муҳаммад Хотамӣ ва як қатор шахсиятҳои шинохтаи ислоҳталабон дар миёни дастгиршудагон мебошанд.

Эътирозҳо дар Теҳрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00


Бархе аз сарчашмаҳо дар бораи дастгир шудани Муҳаммадризо Хотамӣ - бародари собиқ раисиҷумҳур Муҳаммад Хотамӣ низ хабар додаанд.

Ҳамчунин якчанд нафар аз рӯзноманигорони эронӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шудаанд ва аз теъдоде аз хабарнигорони хориҷӣ хоста шудааст, ки хоки Эронро тарк кунанд.

Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар кӯчаҳои Теҳрон, пойтахти Эрон, алайҳи натоиҷи эълоншудаи интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд.

Бино ба хабарҳо, байни тазоҳургарон ва нирӯҳои пулис даргириҳо низ рух дод. Тазоҳурот дар ҳоле ба амал омад, ки раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз мардум даъват кард, ки аз раисиҷумҳури интихобшуда пуштибонӣ кунанд.

Бар асоси натоиҷи расмӣ, дар интихоботи рӯзи 12 июн Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби 62,6 дарсади оро баранда шудааст.

Аммо Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб, ки бар асоси натоиҷи нашршуда, ба 33,7 дарсади оро даст ёфтааст, ба тақаллуби фаровон дар ҷараёни интихобот эътироз карда, гуфтаааст, ки натоиҷи ин, ба гуфтаи ӯ, “шӯъбадабозии хатарнок”-ро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG