Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи табрикии Э.Раҳмон ба М.Аҳмадинажод


Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбе бо ирсоли як нома Маҳмуди Аҳмадинажодро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии ҳамтояш дар интихоботи, ба гуфтаи ӯ, “озоду шаффоф”-ро далели рӯшани пуштибонии мардуми Эрон аз сиёсатҳои Аҳмадинажод дар давраи аввали раёсаташ номида, умедвори рушди бештар ва тақвияти муносиботи Эрону Тоҷикистон шудааст. Бар асоси натоиҷи расмӣ, дар интихоботи рӯзи 12 июн Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби 62,6 дарсади оро баранда шудааст.
XS
SM
MD
LG