Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоии эътирозӣ дар Теҳрон


Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар кӯчаҳои Теҳрон, пойтахти Эрон, алайҳи натоиҷи эълоншудаи интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд. Бино ба хабарҳо, байни тазоҳургарон ва нирӯҳои пулис даргириҳо низ рух додаанд.
Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии аз мардум даъват кард, аз раисиҷумҳури интихобшуда пуштибонӣ кунанд. Бар асоси натоиҷи расмӣ, дар интихоботи рӯзи 12 июн Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби 62,6 дарсади оро баранда шудааст. Аммо Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб, ки бар асоси натоиҷи нашршуда, ба 33,7 дарсади оро даст ёфтааст, ба тақаллуби фаровон дар ҷараёни интихобот эътироз карда, гуфтаааст, ки натоиҷи ин, ба гуфтаи ӯ, “шӯъбадабозии хатарнок”-ро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG