Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳуди Туркия ҷиҳати кӯмаки бештар ба Афғонистон


Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу рӯзи шанбе дар анҷоми дидораш аз Афғонистон ҷиҳати пуштибонии бештари Анкара аз Кобул тааҳҳуд супурд. Довудуғлу бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва бо вазири хориҷаи ин кишвар Рангин Додфар Спанто мулоқот кард.
Туркия феълан дар ҳайъати нирӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистон ҳудуди 730 сарбоз дорад. Дафтари Аҳмад Довудуғлу рӯзи панҷшанбе гуфт, Туркия мехоҳад дар моҳҳои наздик мизбонии ду ҳамоиши байналмилалии махсуси афзоиши кӯмакҳо ба Покистон ва Афғонистонро бар ӯҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG