Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Теҳрон дар як рӯзи баъд аз интихобот


Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе вазъ дар Теҳрон, пойтахти Эрон буғранҷ буда, давру бари таъсисоти давлатиро дар пойтахт нирӯҳои пулис печонидаанд.
Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, нирӯҳои пулис дар майдони Ванак дар маркази Теҳрон бо гурӯҳе аз тарафдорони Мирҳусайн Мӯсавӣ вориди даргирӣ шудаанд. Пулис гуфта, ки имрӯз ба ягон навъ тазоҳурот иҷозат нахоҳад дод. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи шанбе фақат натоиҷи шумориши ороро эълон кард, вале аз баёнияи Мӯсавӣ, ки ин натоиҷро ба чолиш мекашад, комилан дам фурӯ баст.
XS
SM
MD
LG