Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи оятуллоҳ Хоманаӣ ба натоиҷи интихобот


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз тамоми мардуми Эрон даъват кард, аз раисиҷумҳури интихобшуда пуштибонӣ кунанд. Хоманаӣ мушорикати 80 дарсади мардум дар интихобот ва 24 миллион раъйи додашуда дар ин раъйгириро мояи хушӣ номид ва гуфт, ин пешрафт, амнияти миллӣ ва хушбахтии тӯлониеро тазмин медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки вазорати кишвари Эрон, масъули баргузории интихоботҳо дар он кишвар, эълон кард, ки бар асоси шумориши муқаддамотии оро, дар интихоботи рӯзи 12 июн раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби 62,6 дарсади оро баранда шудааст.
Аммо Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ки бар асоси натоиҷи эълоншуда, 33,7 дарсади ороро ба даст оварда, дар мақоми дуввум қарор гирифтааст, гуфт, натоиҷи интихоботро эътироф намекунад. Мирҳусайни Мӯсавӣ алайҳи тақаллуботи хеле ошкор дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи ҷумъа шадидан эътироз карда, афзудааст, ки “мо ба чунин шӯъбадабозии хатарнок тан дар нахоҳем дод.” Мӯсавӣ ҳамчунин ҳушдор дод, ки чунин тахаллуфот дар ниҳоят мунҷар ба рӯи кор омадани як низоми “истибдодӣ” хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG