Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Зардорӣ ба идомаи набард алайҳи Толибон


Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ дар паёми телевизиониаш гуфт, Толибон мехоҳанд кишварро таҳти тасарруфи худ дароваранд. Ӯ даъват кард, ки амалиёти низомӣ алайҳи ҷангиёнро, ки дар водии Свот аз оғози моҳи май ба ин сӯ идома дорад, то ба охир бирасонанд.
Ҷангиён тайи рӯзҳои охир дар посух ба амалиёти густардаи артиши Покистон алайҳи ҷангиёни толиб дар водии Свот як силсила ҳамалоти хунини бомбгузорӣ анҷом доданд. Бар асари охирин бомбгузорӣ рӯзи ҷумъа дар Лоҳур як рӯҳонии маъруф ҳамроҳ бо ду тани дигар кушта ва 11 нафар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG