Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди нави Кореяи шимолӣ


Кореяи шимолӣ рӯзи шанбе гуфт, барномаи таслиҳоти ҳастаияшро тавсиъа дода, тамоми плутониумеро, ки дар реакторҳои ҳастаияш тавлид шудаанд, барои сохтани бомб истифода хоҳад бурд. Ин тасмим ҳамагӣ як рӯз баъд аз эъмоли таҳримоти шадидтари СММ алайҳи Пхенян эълон шуд.
Пхенян ҳамчунин гуфт, ки агар Амрикову муттаҳидинаш ҷиҳати инзивоъ ва ё муҳосираи Кореяи шимолӣ амал кунанд, даст ба иқдоми низомӣ низ хоҳад зад.
Шӯрои Амнияти СММ рӯзи ҷумъа дар посух ба озмоиши ҳастаии рӯзи 25 май анҷомдодаи Пхенян бо иттифоқи оро таҳримот ва манъи тиҷорату фурӯши таслиҳот ба Кореяи шимолиро шадидтар кард.
XS
SM
MD
LG