Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод 63 фоизи оро дар даст доштааст


Комрон Донишҷӯ, раҳбари ситоди интихобот дар вазорати кишвари Эрон, хабар дода, ки Маҳмуди Аҳмадинажол ба тақрибан 63 дарсади орои мардум соҳиб шуда, рақиби аслиаш Мирҳусайни Мӯсавӣ 34 фоиз раъйи мувофиқи мардумро ба даст овардааст. Дар мақоми севвум Ҳусейн Ризоӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо 1,7 дарсад қарор дошта, аммо ба номзади чорум - раиси собиқи парлумони Эрон Маҳдии Каррубӣ камтар аз 1 дарсад (0,87фоиз ) раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG