Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Страусс-Кан ба Тоҷикистон сафар мекунад


Мудири Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страусс-Кан дар ҳафтаи оянда ба 4 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сафар мекунад. Страусс-Кан дар ҷараёни ин силсиласафар, ки аз 15 то 18 май идома хоҳад кард, асосан мавзӯъи асароти дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ баҷогузоштаи бӯҳрони саросарии молиро баррасӣ хоҳад кард.
Дар баёнияи Сандуқи байналмилалии пул омада, ки раҳбари ин ниҳод ҳаҷм ва роҳу шеваҳои кӯмаки ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи пул, ба кишварҳои минтақаро мавриди гуфтугӯ қарор хоҳад дод.
Ин ниҳод ахиран барои иҷрои барномаҳои коҳиши фақр ба Тоҷикистон 116 миллион доллар ваъдаи кӯмак супурд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Сандуқи байналмилалии пул мақомоти расмии Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти бардурӯғ ба хотири дарёфти қарзу кӯмакҳои ин ниҳод айбдор кард ва аз Душанбе хоста буд, 47 миллион доллари бо ин роҳ дарёфткардаашро пеш аз мӯҳлат баргардонад.
XS
SM
MD
LG