Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 миллион доллар кӯмаки нави Бонки ҷаҳонӣ


Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон беш аз 20 миллион доллар кӯмаки билоиваз ироа кардааст. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ин бахши севвум аз кӯмакҳои билоивази Бонки ҷаҳонӣ буда, бо ҳадафи пуштибонӣ аз будҷаи давлатии ин кишвар ироа мешавад. Қарор аст, ёриҳои Бонки ҷаҳонӣ ба хотири пардохти фоизҳои ҷамъшудаи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ва анҷоми ислоҳот дар соҳоти иҷтимоӣ масраф шавад.
Қарордоди марбута байни давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар поёни моҳи март имзо шуда буд. Маблағи кӯмак ибтидо 10 миллион доллар буд, вале Бонки ҷаҳонӣ баъдан ҳаҷми кӯмакҳояшро ду маротибаи дигар боло бурд.
XS
SM
MD
LG