Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми раҳбар ва нигарониҳо дар Эрон


Зани эронӣ дар назди ситоди Мусавӣ дар ҳоли фиғон. Теҳрон, 13 июли соли 2009.

Зани эронӣ дар назди ситоди Мусавӣ дар ҳоли фиғон. Теҳрон, 13 июли соли 2009.

Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз тамоми мардуми Эрон даъват кард аз раисиҷумҳури интихобшуда пуштибонӣ кунанд.

Хоманаӣ ширкати 80 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи раъй дар интихобот ва 24 миллион раъйи додашуда дар ин овоздиҳиро мояи хушӣ номид ва гуфт, ин пешрафт, амнияти миллӣ ва хушбахтии тӯлониеро тазмин медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе вазъ дар Теҳрон, пойтахти Эрон буғранҷ аст ва нирӯҳои пулис давру бари таъсисоти давлатиро дар пойтахт печонидаанд.

Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, нирӯҳои полис дар майдони Ванак дар маркази Теҳрон бо гурӯҳе аз тарафдорони Мирҳусайн Мӯсавӣ вориди даргирӣ шудаанд. Полис гуфта, ки имрӯз ба ягон навъ тазоҳурот иҷозат нахоҳад дод.

Авзоъ дар ҳоле ихтишошомез шудааст, ки Вазорати кишвари Эрон, масъули баргузории интихоботҳо дар он кишвар, эълон кард, ки бар асоси шумориши муқаддамотии оро, дар интихоботи рӯзи 12 июн раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби 62,6 дарсади раъйҳо баранда шудааст.

Мирҳусейни Мусавӣ дар мулоқот бо хабарнигорон, Теҳрон, 12 июни соли 2009.
Аммо Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, натоиҷи интихоботро эътироф намекунад. Мирҳусайни Мӯсавӣ алайҳи тақаллуботи хеле ошкор дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи ҷумъа шадидан эътироз карда, афзудааст, ки “мо ба чунин шӯъбадабозии хатарнок тан дар нахоҳем дод.” Мӯсавӣ ҳамчунин ҳушдор дод, ки чунин тахаллуфот дар ниҳоят мунҷар ба рӯи кор омадани як низоми “истибдодӣ” хоҳад шуд.

Дар нишасти хабарии вазири кишвари Эрон аз ӯ суол шуд, ки оё таҷаммӯъи тарафдорони Мусавӣ бо эътироз аз ҷараёни интихобот метавонад ба амнияти кишвар таҳдид кунад, посухи рад ва гуфт, оқои Мусавӣ гуфтааст, норозигии худро аз роҳи қонун баррасӣ хоҳад кард ва дар ин роҳ мақомоти кишвар бо ӯ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Бино бар иттилоъи ниҳодҳои интихоботиии Эрон, бар асоси шумориши аксарияти кулли оро, дар раъйдиҳии рӯзи 12 июн бо касби 65 дарсади оро раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод баранда шуда, Мӯсавӣ танҳо ба 32 дарсади раъйи мувофиқи мардум даст ёфтааст.

Бо ин ҳол, тарафдорони Аҳмадинажод алакай ба кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон рехта, ба таҷлили пирӯзии ӯ оғоз кардаанд. Мӯсавӣ ба навбаи худ даъво дорад, ки бо вуҷуди "тахаллуфот" дар раъйигирии рӯзи 12 июн ӯ пирӯз шудааст.

Вазорати кишвари Эрон мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 12 июнро ҳудуди 80 фоиз баровард кардааст, ки дар таърихи Эрон собиқа надоштааст.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба ҷуз аз Маҳмуди Аҳмадинажод ва Мирҳусайни Мӯсавӣ, ки ду номзади аслӣ маҳсуб мешуданд, ҳамчунин Маҳдии Каррубӣ, раиси собиқи парлумони Эрон, ва Муҳсини Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, вориди рақобат шуда буданд. Вале ба гуфтаи мақомоти интихоботии Эрон, мизони ҳимояти мардум аз он ду номзади дигар хеле ночиз ва камтар аз 2 дарсадӣ будааст.
XS
SM
MD
LG