Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсавӣ натиҷаи интихоботро қабул надорад


Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, натоиҷи эълоншудаи ин раъйдиҳӣ ва пирӯзии рақибаш Маҳмуди Аҳмадинажодро эътироф намекунад. Мирҳусайни Мӯсавӣ гуфтааст, ки ӯ алайҳи тақаллуботи хеле ошкор дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи ҷумъа шадидан эътироз кард, афзудааст, ки “мо ба чунин шӯъбадабозии хатарнок тан дар нахоҳем дод.” Мӯсавӣ ҳамчунин ҳушдор дода, ки чунин тахаллуфоти интихобот дар ниҳоят мунҷар ба рӯи кор омадани як низоми “истибдодӣ” дар Эрон хоҳад шуд.
Бино бар иттилоъи ниҳодҳои интихоботиии Эрон, бар асоси шумориши аксарияти кулли оро, дар раъйдиҳии рӯзи 12 июн бо касби 65 дарсади оро раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод баранда шуда, Мӯсавӣ танҳо ба 32 дарсади раъйи мувофиқи мардум даст ёфтааст.
XS
SM
MD
LG