Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод дар интихоботи Эрон пирӯз мешавад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури феълии Эрон, дар интихоботи рӯзи 12 июн низ пешсаф буда, интизор меравад, курсии раҳбарии давлати Эронро ҳифз кунад. Бино бар иттилоъи мақомоти интихоботии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба тақрибан 65 дарсади оро соҳиб шудааст. Раҳбари кумиссиюни интихобот Комрони Донишҷӯ гуфт, бар асоси шумориши тақрибан ҳамаи оро, рақиби аслии Аҳмадинажод - сарвазири собиқ ва номзади ислоҳталаб Мирҳусейни Мӯсавӣ танҳо ҳудуди32 дарсад раъйи мувофиқи мардумро ба даст овардааст.
Тарафдорони Аҳмадинажод алакай ба кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон рехта, ба таҷлили пирӯзии ӯ оғоз кардаанд. Мӯсавӣ ба навбаи худ даъво дорад, ки бо вуҷуди "тахаллуфот" дар раъйигирии рӯзи 12 июн ӯ пирӯз шудааст.
Вазорати кишвари Эрон, ки масъули баргузории интихоботҳост, мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эронро наздик ба 80 дарсад баровард кардааст, ки дар таърихи Эрон собиқа надоштааст.
XS
SM
MD
LG