Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ва созиш бар сари истифодаи ин захираҳоро баҳс карданд.

Нишасти мазкур таҳти васояти дафтари Пажӯҳишгоҳи «Ҷангу сулҳ»-и Бритониё зери унвони «Истифода аз захираҳои обӣ: оё роҳи созише вуҷуд дорад?» доир мешавад. Бархе аз коршиносон дар воқеъ ба ёфтани роҳҳои ҳал ва решаёбии мушкилот таъкид мекунанд, дар ҳоле ки бархе дигар мегӯянд, созишнома ва санадҳои то кунун мавҷуда ба сурати рӯшан навҳаи истифода аз захираҳоро муаян карда ва кишварҳо танҳо бояд онро иҷро кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки коршиносони Узбакистон аз ширкат дар ин баҳсҳо чун одат худдорӣ карданд.

Коршиносони тоҷик ба наҳваи матраҳ кардани масъала дар ин нишаст, яъне ин суол, ки имкони созиш дар ҳалли масоили обӣ имкон дорад, бадоҳатан бо суол посух гуфтанд. Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи энергетика ва саноъати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, суол ин аст, ки созиш ба сари кадом масъала ва ба ин созиш кӣ манфиатдор аст, кишварҳои болооб ва ё поёноб? Агар сухан дар мавриди созиш бар сари сохтмони Роғун бошад, афзуд оғои Исломиддинов, ин ҳарф маъное надорад, зеро Роғун як тарҳи анҷомшуда аст.

Вале, афзуд оғои Исломиддинов, агар баъди сохтмони обанбор масъале пеш биояд ва ҷонибҳои даъвогар далел дар даст дошта бошанд, ки ба кадом масъалаи обрасонӣ ва ё зистмуҳитӣ ихлоле ворид шудааст ва мушкиле пеш омадааст, он гоҳ бар асоси далелҳои пешниҳодшуда метавонем дар мавриди ҳалли мушкилот гуфтугӯ кунем.

Аммо Парвиз Мулоҷонов, таҳлилгари мустақили тоҷик ба ин бовар аст, ки дар воқеъ мушкили об феълан назар ба солҳои қаблӣ мутафовит аст. Ӯ мегӯяд, бо афзоиши аҳолӣ ва азхудкунии заминҳои нав мушкили об ҳарчи доғтар мешавад ва агар кишварҳо ба дарки ҳалли он нарасанд, дар оянда ба як мушкили сиёсӣ-ҷуғрофӣ ва иқтисодии бузургтар табдил хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон таъкид карданд, ки қазияи оби минтақа ба ҳар сурате номгузорӣ нашавад, дар шароити кунунӣ қабл аз ҳар чиз ба масъалаи сохтмони ду нерӯгоҳи бузург дар минтақа бар мегадад, яке Роғун дар рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон ва дигаре Қамбарота дар Сирдарё дар Қирғизистон.

Булат Ауелбаев, коршиноси қазоқ, бо таъкид ба ин нукта гуфт, ду кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон ба нирӯи барқ ниёз доранд ва ҳама гуна монеаэҷодкуниҳо, агар ба сурати низомӣ ҳам бошад, пеши роҳи онҳоро дар сохтмони ниругоҳҳо гирифта наметавонад. Оғои Ауелбаев, афзуд, дар ҳар сурат Қазоқистон мухолифи сохтмони Роғун нахоҳад баромад.

Ӯ мегӯяд, Қазоқистон ҳеҷ гоҳ ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун мухолифат накардааст. Бештар аз ин ҳам, ҳатто музокироте бар сари ширкати Қазоқистон дар консорсиюми сохтмон Роғун сурат гирифта буд. Ва Қазоқистон барои сохтмони ниругоҳҳои миёнаи дигар тавофуқ кардааст. Сохтмони нирӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота идом надорад ва ин як воқеият аст. Ҳеҷ касе ба ҳеҷ василае аз идомаи он наметавонад ҷилавгирӣ кунад.

Аммо Ҳомид Орифов, дабири Кумитаи миллии обанборҳои бузурги Тоҷикистон, мегӯяд, ба навъи матраҳ кардани масъала дар марвиди созиш эътироз дорад. Оғои Орифов мегӯяд, «ман ба ин шакли масъалагузорӣ розӣ нестам. Зеро созиш маънои навъе гузашт дар баробари масъаларо дорад. Вале мо дар баробари ҳамсояҳои худ боз ба чӣ гузаште бояд тан диҳем?»

Ба гуфтаи ӯ, «мо дар масъалаи об то ҳадди аксар гузашт кардаем. Дигар ин ки агар гап дар сари ҳамоҳангсозии барноми сохтмони обанборҳо биравад, чандин бор ин барномаҳо ҳамоҳанг шудааст. Масъаларо бояд ба маҷрои табиӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо бар гардонд. Тартиби истифода аз об нодуруст ва ноодилона аст. Ҳазинаҳои обтақсимкунӣ ва обнигаҳдорӣ бар дӯши мост, дар ҳоле, ки Туркманистон ва Узбакистон ҳам бештар аз мо обро истифода мекунанд ва ҳам зарари бештаре ба муҳити зист мерасонанд. Онҳо конвесиюнҳороро имзо кардаанд, бояд онро мурооът кунанд. Мо ҷое барои гузашти бештар надорем».

Дар айни ҳол Бозорбой Мамбетов, коршиноси қирғиз, низ гуфт, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳе ҷуз дастёбӣ ба манобеи энержии арзонқимат ва ба ин васила раҳоӣ аз бӯҳрони мудавом надоранд ва сарфи назар аз ҳар гуна созиш чӣ сурат бигирад ва ё не, ба сохтмони ниругоҳҳо идома хоҳанд дошд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, «Дар зимистони гузашта нирӯгоҳи барқи ҳароратии Бишкек бо масрафи моҳона даҳ миллион доллар мазут ва газ нируи барқ тавлид кард. Кадом кишвари қашшоқе мисли Қирғизистон ба худ иҷоза медиҳад, ки дар оташдони як нирӯгоҳ ин қадар пулро бисӯзад? Агар нирӯгоҳи Қамбарота сохта шавад, нирӯи барқи он 55 маротиба аз нирӯи барқе, ки дар ин нирӯгоҳи ҳароратӣ тавлид мешавад, арзонтар хоҳад буд».

Ба ҳамин тартиб баҳси коршиносон идома дорад, вале коршиносони Узбакистон, дар ин нишаст ҳузур надоштанд. Вале иддаои ҳамешагии Узбакистон ин аст, ки сохтмони нирӯгоҳҳои бузург вазъи зистмуҳитиро хароб карда, боиси биёбоншавии ҳазорон гектар мазореъ гашта, ва марги дарёчаи Аралро низ қарибтар хоҳанд кард.

Ҳафтаи гузашта нахуствазири Қиргизистон Игор Чудинов дар сӯҳбат бо Телевизиони минтақавии «К+» гуфт, ки Узбакистон дар ҷаласаи ахир, ки ба хотири ҳалли мушкили об созмон ёфта буд, ҳозир нашуд ва аз мулоқоти ин мавзӯъ сарфи назар кард. Ӯ бо нигаронӣ аз ҳал нашудани баҳси обу энержӣ афзуд, ин мавзӯъ мавзӯъе нест, ки бо чопи мақолаҳо дар матбуот ва баҳсҳои интерентӣ ҳал шавад, масъала ҷиддӣ аст ва роҳи ҳалли онро танҳо дар мизи гуфтушунид метавон пайдо кард, афзуд Чудинов.

Аммо Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз ҳама эътирозҳо дар моҳи декабри имсол, яъне то панҷ моҳи дигар маҷрои Вахшро дар Роғун банд хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG