Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди замони раъйдиҳии Эрон


Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон замони раъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ду соати дигар тамдид кардаанд, ки дар ин корзори муҳими сиёсӣ чаҳор номзад бо ҳам рақобат мекунанд. Интизор меравад, ки рақобати аслӣ миёни Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури феълии тундрав ва рақиби ислоҳталаби ӯ Мирҳусайн Мусавӣ - нахуствазири собиқ, сурат бигирад. Номзадҳои дигар Меҳдӣ Каррубӣ ва Мӯҳсин Ризоӣ ҳастанд. Комрон Донишҷӯ - раиси кумиссиёни интихоботӣ, ширкати мардум дар интихоботро “камсобиқа” хондааст. Ҷалол Хушчеҳра вакили муҳофизакори порлумони Эрон имрӯз доир ба ширкати мардум дар интихобот ба Радиои Фардо гуфт, эҳтимолан то 70 дар сади мардум дар интихобот ширкат хоҳанд кард. Натиҷаҳои интихобот ба равобити Эрон бо кишварҳои ғарбӣ таъсир хоҳад гузошт, ки аз баландпарвозиҳои ҳастаии Эрон нигаронанд.
XS
SM
MD
LG